фурсат — [فرصت] а 1. вақти мусоид барои анҷом додани коре, лаҳзаи мувофиқ, ҳангоми муносиб 2. вақт, муддат, як қадар вақт; дар андак фурсат ба гузашти андак вақт; фурсатро гузарондан вақтро талаф кардан, мавриди муносибро аз даст додан, кореро дар мавриди … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғанимат — [غنيمت] а 1. моли дар ҷанг аз душмани мағлуб гирифташуда; ғанимат афтодан ба даст даромадани моле ба ғанимат; ғанимат гирифтан ба даст даровардани моле ба ғанимат; ба ғанимат афтодан моли ғаниматгирифтаи касе шудан, моли ғанимати касе шудан 2.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вақт — [وقت] а 1. гоҳ, ҳангом, ҳиссае аз замон, соатҳои муайяни шабу рӯз: вақти говгум, вақти пешин, вақти шом, вақти ғуруби офтоб 2. фурсат ва муддати одатан муқарраршудаи коре; мӯҳлат: вақти мувофиқ (муносиб), вақти имтиҳон, вақти хуфтан, боз чанд… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
имконият — [امکانيت] а. имкон, шароити мусоид ба иҷро ё вуқӯи коре; мумкин будани коре; қудрат, тавоноӣ; имконият додан мумкин гардонидан, қобили иҷро гардонидан; мусоидат кардан; имконият доштан дастрас будани шароити мувофиқ ба иҷрои коре; имконият ёфтан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мувофиқ — [موافق] а 1. созишкунанда, муттафиқ, ҳамраъӣ: дӯстон ва ёрони мувофиқ 2. мутобиқ, созгар мувофиқи… а) мутобиқи…; муносиби…; б) аз рӯи…, дар асоси …; мувофиқи табъ ба тарзи дилхоҳ табъи дил; мувофиқи қоида, аз рӯи қоида, мутобиқи қоида; мавриди… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
байнимавсимӣ — [بين موسمي] фосилаи байни мавсимҳо; муддати замони байни фаслҳои сол (ки барои кору фаъолияте мусоид аст) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедор — [بيدار] 1. он ки дар ҳолати хоб нест; муқоб. хуфта ва хобида: аз хоб бедор кардан, аз хоб бедор шудан; бедор мондан нахобидан, хоб нарафтан; шабро бедор гузаронидан шабзиндадорӣ кардан, бедорхобӣ кашидан 2. маҷ. ҳушёр, огоҳ, бохабар; бедор кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гармогармӣ — [گرماگرمي] :дар гармогармӣ а) дар вақти гарм будан; б) дар ҳолати мувофиқ ва мусоид, дар вақташ, дар айни вақташ, дар айни ҷӯшу хурӯши коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дамсоз — [دمساز] 1. ҳамдам, мӯнис; рафиқи ҳамроз; рафиқи дамсоз рафиқи шафиқ, ёри ҷонӣ 2. мувофиқ, мусоид 3. кит. он ки дар сурудхонӣ ба дигаре ҳамроҳ мешавад, ҳамовоз, дамкаш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
замина — [زمينه] 1. асос; таҳкурсӣ, поя; дар заминаи… дар асоси…; замина тайёр кардан шароити мусоид ба вуҷуд овардан барои иҷрои коре 2. тарҳи нақша; асли матоъ ё лавҳа, ки рӯи он нақшу гулҳои рангоранг кашида мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ